Ба гузориши хабаргузории Аҳли Байт(а) ـ Абна ـ манбаъҳои хабарии режими саҳюнистӣ имрӯз душанбе аз вуқӯъи ҳодисаи амниятӣ дар ду минтақаи навори Ғазза хабар доданд, ки яке аз онҳо дар шарқи шаҳри Ғазза ва дигаре дар Хон-Юнус воқеъ дар ҷануби ин борика рух додааст. Тайи ҳафтаҳои ахир амалиётҳои муваффақ ва каминҳои маргбори муқовимати Фаластин алайҳи низомиёни душмани саҳюнистӣ афзоиш ёфтааст. Рӯзи гузашта яке аз расонаҳои режими саҳюнистӣ ба нақл аз як манбаи амниятии ин режим ба амалиётҳои муваффақи муқовимати Фаластин эътироф кард ва афзуд, ки Ҳамос ба тактикҳои ҷадиде дар даргириҳо даст ёфтааст ва онро чалише бузург ва пурхатар барои артиши Исроил унвон кард. Расонаҳои режими саҳюнистӣ дар сояи сансури шадид теъдоди низомиёни ин режим имрӯз ҳамчунин аз ҳалокати се низомӣ ва захмӣ шудани теъдоди дигар аз низомиёни ин режим дар даргириҳои имрӯзи навори Ғазза хабар доданд. Расонаҳои мазкур гузориш доданд, ки дар Хон-Юнус воқеъ дар ҷануби навори Ғазза низомиёни артиши режими Исроил бо рокети зидди зиреҳ ҳадаф қарор гирифт. Гурдонҳои Ал-Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос эълом кард, ки размандагони ин гурдонҳо нафарбари низомии артиши режими саҳюнистӣ аз навъи Намир (бабр) ро, ки як низомии саҳюнист дар он буд, бо рокети «Ёсин 105» дар наздикии тақотуъи хиёбони панҷум дар шимоли шаҳри Хон Юнус дар ҷануби навори Ғазза ҳадаф қарор доданд. Дар баёнияи гурдонҳои Ал-Қассом омадааст, ки болишгарҳои режими саҳюнистӣ барои интиқоли низомиёни худ дар он минтақа фуруд омаданд.

Манбаъҳои хабарии режими саҳюнистӣ аз даргириҳои шадид дар навори Ғазза хабар дода ва изъон карданд, ки дар ин набардҳо 3 низомии ин режим кушта ва теъдоде низ захмӣ шуданд.
Your Comment